Май 25, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи вафоти ҳамсари мукаррамаи Паёмбари Ислом (с)-ро тасалият мегӯем

Эрони исломӣ дар шаби солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с) ҳамсари гиромии Паёмбари Ислом (с) сиёҳпӯш аст.

Фардо, шанбе даҳуми моҳи мубораки рамазони соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с) ҳамсари гиромии Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Ҳазрати Хадиҷа (с), ки аз занони номдор ва сарватманди Қурайш буд, понздаҳ сол қабл аз биъсат бо Паёмбари гиромии Ислом (с) издивоҷ кард.

Ин бонуи бузургвор, нахустин зане буд, ки ба рисолати Паёмбар (с) имон овард ва бо тамоми тавон ва сарвати худ ба ёрии дини Ислом бархост.

Ҳазрати Хадиҷа (с) қабл аз Ислом низ ба хотири доро будани сифоти писандида ва фазоили ахлоқӣ ва покдоманӣ, Тоҳира лақаб гирифта буд.

Вуҷуди ҳазрати Хадиҷа (с) барои Паёмбари гиромии Ислом (с) ба қадре аҳамият дошт, ки Паёмбари Акрам (с) реҳлати ин бонуи бузургро мусибати азим хонданд ва соли реҳлати ҳазрати Хадиҷа (с) ва ҳомии бузурги дигари худ, яъне амӯи худ ҳазрати Абутолб (а)-ро оммулҳузн, яъне соли андӯҳ номиданд.

Мардуми муъмин ва худоҷӯи Эрон дар солрӯзи вафоти ҳамсари гиромии Паёмбари гиромии Ислом (с) бо ҳузур дар масоҷид ва дигар маконҳои мазҳабӣ, азодорӣ мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с)-ро ба ҳамаи  мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон тасалият мегӯяд.