Май 25, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи байналмилалии пул: Ҳамкорӣ бо Бонки марказии Эронро идома медиҳем

Сандуқи байналмилалии пул рӯзи ҷумъа дар посух ба мукотибаи анҷомшуда дар бораи иқдоми ахири Вашингтон дар таҳрими Валюллоҳи Сайф раиси кулли Бонки Марказии Эрон, эълом кард, ин ниҳоди молӣ, ҳамчунон ба ҳамкорӣ бо Сайф ва Бонки Марказии Эрон идома хоҳад дод.

Ба гузориши ИРНА, маркази иртибототи Сандуқи байналмилалии пул тасреҳ кард, Эрон яке аз аъзои Сандуқи байналмилалии пул аст ва сандуқ мутобиқ бо муқаррароти худ, бо Сайф ба унвони раиси кул ва ҳамчунин Бонки Марказии Эрон ҳамкорӣ хоҳад дошт.

Амрико рӯзи сешанбе 15 май дар идомаи иқдомоти душманонааш алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси кулли Бонки Марказии Эронро таҳрим кард.

Вазорати хазонадории Амрико, Валиюлоҳи Сайфро бо иддаои ҳимояти молӣ аз Ҳизбуллоҳи Лубнон аз тариқи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мавриди таҳрим қарор дод.

Вазорати хазонадории Амрико пештар низ борҳо ашхос ва ширкатҳои эронӣ ва ҳамчунин хориҷиро ба баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла иртибот бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ таҳрим карда буд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақше асосӣ дар мубориза бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико дар минтақа доранд.