Май 26, 2018 14:31 Asia/Dushanbe
  • Худкифоии Эрон дар тавлиди таҷҳизоти санъоти нефт ва газ

Мутахассисони санъоти нефт ва гази Эрон дар ҷазираи Кеш (ҷануби Эрон) бо тавлиди нахустини дастгоҳҳои таҷҳизоти саричоҳии нефтӣ, ба ҷамъи кишварҳои тавлидкунандаи ин таҷҳизот дар ҷаҳон пайвастанд.

Таҷҳизоти саричоҳӣ, абзорҳое аст, ки пас аз ҳаффорӣ ва такмили чоҳ ба манзури контроли он ва ҳамчунин дар ҷиҳати баҳрабардорӣ аз чоҳ нисбат ба мавқеият ва эҳтиёҷоти пешбинӣ шудаи он, бар рӯйи чоҳ таъбия мешавад.

Дар ҳоли ҳозир Амрико бузургтарин тавлидкунандаи ин навъ таҷҳизот аст ва Чин низ дар ин замина фаъолияти зиёде дорад.

Дар ростои буми‎созии колоҳо ва таҷҳизоти мавриди ниёзи санъати нефти Эрон, ҳам акнун беш аз 70 дарсади таҷҳизоти санъати нефти Эрон дар дохил сохта мешавад.

Хабари дигар ин ки амалиёти насби нахустин сакуи дарёии тарҳи тавсеаи фозҳои 22, 23 ва 24 дар мавқеияти майдони газии Порси Ҷанубӣ (ҷануби Эрон), бо такя бар тавони муҳандисони эронӣ бо муваффақият анҷом шуд.

Бо насб ва баҳрабардорӣ аз ин саку, рӯзона 500 миллион фут мукааб гази ширин ба тавони тавлиди гази Эрон, афзуда хоҳад шуд.

Ҳамчунин се сакуи дарёи дигар, марбут ба тарҳи тавсеаи фозҳои 22 то 24 Порси Ҷанубӣ дар ширкати санъати дарёии Эрон дар дасти сохт аст, ки дорои пешрафти беш аз 84 дарсадӣ ҳастанд.

Майдони гази Порси Ҷанубӣ, бузургтарин майдони газии ҷаҳон аст, ки дар Халиҷи Форс ва дар обҳои сарзамини Эрон ва Қатар воқеъ шудааст.