Май 26, 2018 16:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон севумин тавлидкунандаи чормағз дар ҷаҳон

Ҷумҳурии исломӣ аз назари сатҳи кишти боғҳои чормағз (гирду) мақоми дувум ва аз назари тавлиди чормағз мақоми севум дар ҷаҳонро дар ихтиёр дорад.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Шукруллоҳ Ҳоҷиванд, мудири кулли дафтари умури меваҳои сардсерӣ ва хушки Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон гуфт, Чин бо 425 ҳазор гектар, Эрон бо 157 ҳазор гектар ва Амрико бо 110 ҳазор гектар ба тартиб рутбаҳои нахуст то севуми ҷаҳонро аз назари сатҳи зеркишти чормағз ба худ ихтисос додаанд.

 Ҳоҷиванд афзуд, Чин бо тавлиди солона як миллиону 600 ҳазор тон, Амрико бо 518 ҳазор тон ва Эрон бо ҳудуди 260 ҳазор тон, ҷойгоҳи аввал то севуми тавлиди чормағз дар ҷаҳонро доранд.

 Мудири кулли дафтари умури меваҳои сардсерӣ ва хушки Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон пешбинӣ кард, бо ислоҳ ва навсозии боғоти чормағз дар Эрон, миёнгини амалкарди ин маҳсул афзоиш ёбад.

 

Барчасп