Рушди 27 дарсадии тавлиди фӯлоди хоми Эрон
Анҷумани ҷаҳонии фӯлод эълом кард, дар чаҳормоҳаи нахусти соли ҷории мелодӣ Эрон ҳашт миллиону 127 ҳазор тон фӯлоди хом тавлид кард, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳ дар соли гузашта 27.6 дарсад рушд доштааст.
Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, бар асоси гузориши Анҷумани ҷаҳонии фӯлод, тавлиди фӯлоди хоми Эрон дар апрели соли 2018 бо рушди 12.4 дарсадӣ, ба як миллиону 950 ҳазор тон расид, ки ин рақам дар муддати мушобеҳи соли гузашта як миллиону 735 ҳазор тон буд.
Бар асоси ин гузориш, тавлиди 64 кишвари фӯлодсози ҷаҳон низ дар чаҳормоҳаи нахусти соли ҷории мелодӣ 575 миллиону 155 ҳазор тон сабт шуд, ки баёнгари рушди чаҳор дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта аст.
Гузориши Анҷумани ҷаҳонии фӯлод баёнгари он аст, ки дар чаҳормоҳаи нахусти 2018 Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия ва Кореяи Ҷанубӣ ба тартиб панҷ кишвари бартар дар тавлиди фӯлод ҳастанд.
Пештар Анҷумани ҷаҳонии фӯлод дар гузориши худ ба муносибати поёни соли 2017, Ҷумҳурии Исломии Эронро сенздаҳумин кишвари тавлидкунандаи фӯлоди ҷаҳон муаррифӣ кардааст.