Дурахшиши ихтироъкори эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии Сербистон
Ихтироъкори ҷавони эронӣ медали тилои сивупанҷумин давраи мусобиқоти байналмилалии навоварӣ ва ихтирооти Сербистонро аз они худ кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Аббоси Баширзода бо ироаи ихтироъи худ бо унвони «Роҳнамоии вижаи радиология барои таҳияи радиографияҳои мудраҷ ҷиҳати таъйини маҳалли дақиқи ҷарроҳиҳои нухоъӣ» ба медали тилои ин рақобатҳо даст пайдо кард.
Баширзода қабл аз ин тавониста буд дар ҷашнвораҳои байналмилалии навоварӣ ва ихтирооти кишварҳои Чин ва Кувейт бо ироаи ихтироъе дар заминаи коҳиши зойеъоти нухоъӣ дар садамаҳои ронандагӣ, ду медали нуқра ва дипломи ифтихориро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба армуғон биоварад.
Сивупанҷумин давраи мусобиқоти байналмилалии навоварӣ ва ихтирооти Сербистон зери назари Федератсияи байналмилалии ихтироъкорон - IFIA ва Созмони моликияти фикрии байналмилалии Созмони милал - WIPO дар шаҳри Белград баргузор шуд.
Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ, ихтироъкорони беш аз 40 кишвар бо 700 ихтироъ ширкат карда буданд.
Тими ихтироъкорони эронӣ дар ин рӯйдод бо 12 ихтироъ ширкат карда буданд, ки тавонистанд ду нишони тило, се нуқра ва ду бронзро аз они худ кунанд.