Бозигари шинохтаи эронӣ: Сиёсат марз мекашад, аммо ҳунар пайванд медиҳад
Бозигари саршиноси эронӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Ой Филми 2, ки махсуси форсизабонон аст, гуфт, агарчи сиёсат байни форсизабонон марз кашида, аммо ҳунар ин марзҳоро аз байн мебарад.
Ризо Киёниён, бозигари синамо, театр ва телевизиони Эрон дар ин гуфтугӯ бо ишора ба сафаре, ки чанде пеш ба Тоҷикистон дошт, гуфт: Ҳам тоҷикистониҳо, ҳам афғонистониҳо ва ҳам эрониҳо барномаҳои фарҳангиро дӯст доранд.
Вай дар бораи ҳамкорӣ ва ҳамдилии ҳарчи афзунтари форсизабонони минтақа ва ҷаҳон гуфт: Мо ҳама бо ҳам як кишвар будем, ҳоло дасти рӯзгор байни мо марз кашидааст, аммо марзҳо натавониста дилҳои моро аз якдигар ҷудо кунад.
Киёниён, ки яке аз масъулони баргузории Ҷашнвораи ҷаҳонии филми Фаҷр низ ҳаст, афзуд: Мо аз тариқи ҷашнвораи ҷаҳонии филми Фаҷр саъй мекунем, ба кишварҳои форсизабон кумак кунем, то филмсозии онҳо рушд кунад, зеро ҳарчи қадар филмсозии ин минтақа рушд кунад, ба нафъи ҳамаи кишварҳост.