Май 29, 2018 12:58 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Озодии қонунманд мояи пешрафти ҷомеа аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори садҳо тан аз донишҷӯёни Эрон озодии қонунмандро мояи рушду пешрафти ҷомеа донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ асри душанбе дар нишасти самимонаи садҳо нафар аз намояндагони ташаккулҳои мухталифи илмӣ-фарҳангӣ-сиёсӣ-иҷтимоӣ ва синфии донишҷӯён рӯҳияи ҷавонӣ, эҳсоси ҳувияти асаргузор, ангезаҳои имонӣ ва ормони ҷараёнҳои донишҷӯиро мояи умед ба оянда хонданд ва хотирнишон карданд: “Бояд бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳо ва имконоти кишвар ҳаракат ба самти ормонҳоро бо қудрат ва шитоби бештар идома диҳем”. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ изҳороти донишҷӯён дар оғози дидорро, ки шомили масоили гуногуне аз мавзӯоти рӯзи Эрон буд, ҷаласаи самарбахш хонда гуфтанд, барҷастатарин натиҷаи ин ҷаласа намоён шудани рӯҳия ва ҳаракати пурнишот, зинда ва боангезаи донишҷӯён бо гароишҳои мухталиф аст ва ин фазои воқеӣ хилофи илқооти душманон ва бегонагону бархе аносири дохилӣ дар бораи ноумедӣ дар донишгоҳҳост.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ эътимоди ба нафси миллӣ, истиқлоли сиёсӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва озодии фаротар аз озодии андеша, баён ва амалро аз дигар ормонҳои низоми исломӣ баршумурданд ва гуфтанд: “Агар озодӣ набошад, рушди маънавӣ ва пешрафти ҷомеа вуҷуд нахоҳад дошт, аммо ҳамин озодӣ ниёзманди қонун ва чорчӯб аст, зеро дар ғайри ин сурат мунҷар ба саҳлангорӣ хоҳад шуд”. Эшон роҳҳали асосии бартараф кардани айбу мушкилот дар бархе созмонҳоро афзуда шудани ҷавонони фаъол, муъмин ва пурангеза ба ин дастгоҳҳо донистанд. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, ҳаракати низоми исломӣ бидуни ҳеҷ тардиде рӯ ба пеш аст ва ояндаи беҳтар аз имрӯз мутааллиқ ба ҷавонон аст, аммо лозимаи он боқӣ мондан дар сироти мустақим ва ҳаракати мустамару хастагинопазир аст.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ пешрафтҳои Эрони исломӣ дар заминаҳои илму фанноварӣ бо нақшофаринии ҷавонони мутааҳҳидро ёдовар шуданд ва афзуданд: “Бо ин ҳама набояд ба ин ҳад қонеъ бошем, балки бояд бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳо ва имконоти кишвар ин ҳаракати пурифтихорро бо қудрату шитоб бештар идома диҳем”.

 

Барчасп