Май 29, 2018 14:00 Asia/Dushanbe
  • Аввалин парвози Машҳад – Қазон дар тобистони имсол

Раиси Кумитаи гардишгарии Ҷумҳурии Тотористон гуфт, барои густариши саноати гардишгарӣ байни ин ҷумҳурӣ ва Эрон нахустин бор парвози Машҳад ба Қазон тобистони имсол барқарор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Иванов, раиси Кумитаи гардишгарии Тотористон шаби душанбе дар Машҳад, шимолу шарқи Эрон афзуд, барқарории хати парвози ҳавоӣ байни Эрону Ҷумҳурии Тотористон ҳамкории ду кишварро дар саноати гардишгарӣ афзоиш хоҳад дод. Иванов афзуд, зарфияти аввалин парвоз аз Эрон ба самти Тотористон 150 нафар хоҳад буд, ки ин теъдод дар ҳар парвоз то 300 нафар қобили афзоиш аст.

Абулфазли Мукарримифар, мудири кулли мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии устони Хуросони Разавӣ низ гуфт, Эрон бо Ҷумҳурии Тотористон муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва иртибототи амиқе дорад ва масъулон дар садади тақвияти равобити дуҷониба ва муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Хуросони Разавӣ ва Тотористон ҳастанд.

Тотористон аз ҷумҳуриҳои худмухтори Русия аст.