Май 30, 2018 13:12 Asia/Dushanbe
  • Шигифтиофаринии духтари эронии ҳофизи Қуръон

Заҳро Содот Ҳусайнӣ, духтари эронии ҳофизи Қуръон ҳозирон дар ҷаласаи мусобиқоти ҳифзи Қуръонро дар шаҳри Набатияи Лубнон таҳти таъсири истеъдод ва омодагии худ қарор дод.

Ба гузориши пойгоҳи шабакаи “Алкавсар”, доварон омодагии ин духтари эронии 10 -соларо, ки пас аз шунидани ҳар оя аз Қуръон, зимни гуфтани ном ва шумораи сура ва сафҳаи марбута, идомаи ояро мехонад, таҳсиномез баршумурданд.

Заҳро Содот ҳифзи Қуръонро дар шашсолагӣ оғоз кард ва дар ҳаштсолагӣ тавонист Қуръонро ба таври комил ҳифз кунад.