Май 31, 2018 08:46 Asia/Dushanbe
  • Зодрӯзи имом Ҳасани Муҷтабо (а) фархунда бод!

Панҷшанбе 10 хурдоди 1397 баробар бо 15 рамазони 1439 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а), пешвои гиромии мусулмонон ва наводаи бузурги расули гиромии ислом (с) аст.

Имом Ҳасани Муҷтабо (а), ки дар нимаи моҳи мубораки рамазони соли севуми ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина қадам ба арсаи вуҷуд ниҳоданд, нахустин фарзанди имом Алӣ бен Абитолиб (а) ва Фотимаи Заҳро (с), духтари паёмбари акрам (с) буданд.

Ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) дар рӯзи вилодати аввалин фарзандашон, кӯдаки хешро назди расули Худо (с) бурданд, то номе барояш интихоб фармоянд ва паёмбар (с) низ ба амри Худованд, номи ӯро Ҳасан ба маънои некӯ ва писандида гузошттанд.

Имом Ҳасан (а) ҳафт сол аз зиндагии хешро дар сояи пурмеҳру лутфи ҷаддашон паёмбари ислом (с) сипарӣ кард ва дар ин фурсати гаронбаҳо, аз анвори тобноки вуҷуди паёмбари гиромии ислом (с) баҳра бурд ва пас аз он низ 30 сол шогирде тезҳуш ва ёври сиддиқе барои падари гиромиаш ҳазрати Алӣ (а) буд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон вилодати саросар сурури ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат алайҳиссалом табрик ва таҳният мегӯяд.