Донишҷӯёни эронӣ: Падидаи навзуҳури меъмории соли 2017
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34966-Донишҷӯёни_эронӣ_Падидаи_навзуҳури_меъмории_соли_2017
Тарҳи донишҷӯёни Донишгоҳи Озоди Исломии Эрон, унвони падидаи навзҳури меъмории соли 2017-и Амрикоро касб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 31, 2018 14:52 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯёни эронӣ: Падидаи навзуҳури меъмории соли 2017

Тарҳи донишҷӯёни Донишгоҳи Озоди Исломии Эрон, унвони падидаи навзҳури меъмории соли 2017-и Амрикоро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Ҳусейни Муродӣ ва Аҳмади Эзадӣ, донишҷӯёни коршиносии меъмории Донишгоҳи Озоди Исломии Эрон бо ироаи ду тарҳ "Ҳутели биологӣ" ва "Нимкати мавҷи сахраӣ" унвони падидаи навзҳури меъмории соли 2017-ро дар мусобиқоти байналмилалии тарроҳ (IDA)-ии Амрико, касб карданд.

Мусобиқоти байналмилалии тарроҳӣ (International Design Awards), аз соли 2007 ба мизбонии кишвари Амрико шурӯъ ба фаъолият кард.

Ин мусобиқот барои шинохт, таҷлил ва ташвиқи иддеаҳо ва тарҳҳои таъсиргузор ва рӯнамоӣ аз истеъдодҳои навзуҳур дар меъморӣ, тарроҳии дохилӣ, тарроҳи санъатӣ, грофик ва тарроҳии муд, шакл гирифтааст ва дар ду бахши ҳирфаӣ ва донишҷӯӣ баргузор мешавад.

Ҳайати доварони ин мусобиқот муташаккил аз тарроҳон, меъморон, мунтақидони ҳунарӣ, сардабирон, мудирони фарҳангӣ ва тавсеадиҳандагони тарроҳии санъатӣ, аз саросар ҷаҳон ҳастанд.

Тарҳҳои ирсол шуда ба мусобиқот, бояд марбут ба панҷ соли ахир буда ва мафҳуме, такмил шуда ва ё дар ҳоли сохт бошанд.