Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҷангҳои ниёбатии Амрико, заволи Вашингтонро суръат бахшидааст
(last modified Fri, 01 Jun 2018 11:40:24 GMT )
Июн 01, 2018 16:40 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҷангҳои ниёбатии Амрико, заволи Вашингтонро суръат бахшидааст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Ҷангҳои ниёбатии муздурони Амрико дар минтақа ва дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва Яман заволи Вашингтонро суръат бахшидааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Амрико имрӯз тавоноии муқобила бо уммати исломиро аз даст дода ва бв такрор аз муқовимати исломӣ ва уммати исломӣ дар ҳоли силӣ хӯрдан аст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон тасреҳ кард: Ҳангоме ки дунёи истикбор барои таъмини манофеи номашруъи худ дар минтақа истода ва нигарони нуфузи ислом ва андешаи инқилоби исломии Эрон аст, муқовимати исломӣ бояд дар масираш собитқадам бошад.

Вай бо баёни инки пайванди уммати исломӣ, миллатҳои Фаластин, Яман, Ироқ ва Лубнонро зери сояи инқилоби исломӣ ва раҳнамудҳои раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гарди ҳам овардааст, тасреҳ кард: Эрони исломӣ бо тамоми тавон дар баробари зиёдахоҳии Амрико истодааст ва қатъан ба ормонҳои исломии худ даст хоҳад ёфт.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, ҳамчунин ваҳдати имрӯзи уммати исломиро дастоварди қиёми 15 хурдоди Имом Хумайнӣ (раҳ) донист ва афзуд: Имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон масири истодагии миллатҳои ҷаҳон дар муқобили истикборро ҳамвор кард.