Боздошти чанд гурӯҳи террористӣ дар ғарби Эрон
(last modified 2018-06-07T15:29:24+00:00 )
Июн 07, 2018 20:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чанд гурӯҳи террористӣ дар ғарби Эрон

Вазири иттилооти Эрон аз шиносоӣ ва дастгирии чанд тими террористӣ дар манотиқи ғарбӣ ва ҷанубу ғарби Эрон дар рӯзҳои ахир, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Сайидмаҳмуди Алавӣ гуфт, тимҳои террористӣ бо иқдомоти ба мавқеи иттилоотӣ ва амалиётии нируҳои амниятӣ, шиносоӣ ва дастгир шуданд.

Алавӣ афзуд, аз гурӯҳҳои террористии боздошт шуда, миқдори зиёде аслиҳа ва маводи инфиҷорӣ кашфу забт шуд, ки иттилооти комил он ба зуддӣ мунташир мешавад.

Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳузури густурдаи мардум дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс, гуфт, тамоми иқдомоти лозим барои баргузории ҳарчӣ бошукӯҳтари роҳпаймоии рӯзи Қудс, дар саросари Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифтааст ва нируҳои иттилоотӣ ва амниятӣ, амнияти баргузории ин маросимро бар ӯҳда доранд.