Ҳодисаи Мино бекифоятии Оли Саудро дар баргузории маносики ҳаҷ ба исбот расонд
(last modified Sun, 04 Sep 2016 09:56:57 GMT )
Сентябр 04, 2016 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳодисаи Мино бекифоятии Оли Саудро дар баргузории маносики ҳаҷ ба исбот расонд

Мудири кулли Бунёди шаҳид ва умури исоргарони вилояти Марказӣ гуфт, ҳодисаи Мино бекифоятии Оли Саудро дар баргузории маносики ҳаҷ ба исбот расонд ва ин дигаре аз амалҳои нангини режими Оли Сауд буд.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом Ҳасани Ҳунарманд дар остонаи аввалин солгарди шаҳидони Мино дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфтааст, бетадбирӣ ва бемасъулиятии режими Оли Сауд дар ҳаҷи соли гузашта барои ҷаҳони Ислом фоҷеа ба бор овард ва хонаводаҳои бисёреро дар саросари ҷаҳони Ислом, бахусус Эрони исломӣ доғдор кард. Ӯ дар идома гуфтааст, фоҷеаи Мино нишон дод, ки режими Оли Сауд салоҳияти баргузорӣ ва мудирияти маносики ҳаҷро надорад ва бо таваҷҷуҳ ба иттифоқоте, ки дар чанд соли гузашта дар ин сарзамини муқаддас ба вуқӯъ пайваст, нотавонии Оли Сауд ба ҳама равшан гашт ва бояд ин режим нисбат ба амалкарди худ посухгӯ бошад.

Мудири кулли Бунёди шаҳид ва умури исоргарони вилояти Марказӣ баён кард, сомондиҳӣ ва мудирияти хонаи Худо, бавижа дар оини ҳаҷ аз мавзӯъҳое аст, ки кишварҳои исломӣ бояд дар ин хусус чораандешӣ кунанд, то ин макону маносики муқаддас ба сурати ҷамъӣ мудирият шавад ва дар оянда шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо набошем. Ӯ зинда нигаҳ доштани ҳодисаи Мино ва баёни абъоди мухталифи онро зарурӣ дониста гуфт, абъоди фоҷеаи дардноки Мино ва куштори мусалмонон аз сӯйи Оли Сауд ба далели густурдагии ин ҷиноят бояд зинда бимонад ва зулму ситаме, ки Арабистон бар ҳоҷиён раво дошт, ба ҷаҳониён бояд муаррифӣ шавад.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом Ҳунарманд баён кард, дар ҳодисаи Мино бештар кишварҳои мусалмон сукут карда, ҳатто ба дунболи ҷанозаҳои худ низ набуданд, вале ҷумҳурии исломӣ бо тамоми нерӯ ҷанозаҳои худро таҳвил гирифт, шуморе, ки боқӣ монданд, бо иҷозаи хонаводаҳояшон ҳамон ҷо ба хок супурда шуданд, ки ин ҳолат нишон медиҳад, ҷумҳурии исломӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ дифоъ менамояд.

Бояд гуфт, аз 3 то 9 сентябр  дар Эрон Ҳафтаи шуҳадои Мино номгузорӣ шудааст.