Намояндаи Эрон дар ОПЕК: ОПЕК аз Амрико дастур намегирад
Намояндаи Эрон дар Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) талоши Амрико барои водор кардани Арабистон ба афзоиши тавлидро маҳкум ва эълом кард, ОПЕК аз ин хостаи Амрико пайравӣ намекунад.
Ҳусейн Козимпури Ардабилӣ, намояндаи Эрон дар Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Рейтерз” гуфт, ирсоли дастурамал аз Вашингтон барои Арабистон мабнӣ бар талоши ин кишвар барои камбуди содироти нафти Эрон ба далели таҳримҳои ғайриқонунии Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Венесуэла ҳайратовар аст.
Амрико чанд рӯз пеш аз эъломи хурӯҷ аз БарҶОМ ба таври ғайрирасмӣ аз Арабистон ва чанд узви дигари ОПЕК хоста буд, тавлиди худро афзоиш диҳанд.
Намояндаи Эрон дар ҳайати омили ОПЕК гуфт, ҳеҷ кас дар ОПЕК зидди ду узви бунёнгузори ин созмон амал намекунад, Амрико пештар ин корро зидди Эрон имтиҳон кард, аммо қимати нафт ба 140 доллар барои ҳар бушка расид. Козимпури Ардабилӣ бо баёни ин ки ОПЕК дар мухолифат бо дархости Амрико муттаҳид хоҳад шуд, гуфт, ОПЕК чунин таҳқиреро намепазирад.