Июн 09, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳамкории Эрону Русия дар мубориза бо террористҳо идома меёбад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори раисҷумҳури Русия идомаи равобити Теҳрону Маскав дар ҳавзаи амният ва тавсеаи ҳамкори минтақаиро ҳоизи аҳамият баршумурда гуфт, ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо ДИИШ ва соири гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа идома хоҳад ёфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҳошияи ҳаждаҳумин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Чин дар дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо баёни ин ки равобити ду кишвар дар тамоми абъод дар ҳоли тавсеа аст, изҳор кард, ду кишвар дар ҳавзаи свопи энержӣ, дифоӣ ва бахши теранзит зарфиятҳои фаровоне барои тавсеаи ҳамкорӣ доранд ва Теҳрон аз сармоягузории ширкатҳо ва бахши хусусии Русия истиқбол мекунад. Рӯҳонӣ афзуд, дар мавзӯи транзит, пайвастани Русия ба коридори роҳи оҳани Шимол – Ҷануб фурсатҳои бузурге барои ҳамкории иқтисодӣ бо Шарқ эҷод хоҳад кард. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба нақши муҳими Русия дар БарҶОМ тасреҳ кард, Эрон тибқи гузоришҳои Ожонси Байналамилалии Энержии Атомӣ, ба тааҳҳудоташ дар чорчӯби БарҶОМ амал кардааст ва баъд аз хурӯҷи якҷонба ва ғайриқонунии Амрико Маскав нақши муҳиме дар истеҳкоми БарҶОМ ва иҷрои тааҳҳудоти тарафҳои муқобил дорад.

Владимир Путин низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки Маскав ба ҳамкорӣ бо Теҳрон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, свопи энержӣ ва дифоӣ идома хоҳад дод, гуфт, Маскав аз узвият ва доимӣ шудани мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрон бо Авруосиё ва ҳамчунин узвияти комили Теҳрон дар Созмони Ҳамкории Шангҳой ҳимоят мекунад. Путин ҳамчунин хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ-ро иқдоми якҷониба ва ғайриқонунӣ баршумурда таъкид кард, Маскав ба гуфтугӯ бо соири тарафҳо барои ҳимоят аз БарҶОМ идома медиҳад. Раисҷумҳури Русия бо таъкид бар ҳамфикрӣ ва ҳамкории Русия бо Эрон барои таҳкими субот дар минтақа афзуд, ин ҳамкории минтақаӣ, аз ҷумла дар буҳрони Сурия идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп