Июн 10, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Нобудии як тими террористӣ дар минтақаи марзии Эрон

Як теми террористӣ дар як минтақаи марзии шимолу ғарби Эрон аз байн бурда шуд.

Ба гузориши равобити умумии қароргоҳи Ҳамза Сайидушшуҳадо (а), неруи заминии Сипоҳи посдорони исломӣ дар иттилоияе, эълом кард: Шомгоҳи ҷумъа як тими террористие, ки бо барномарезӣ ва ҳидоят аз минтақаи шимоли Ироқ, қасди нуфуз ба хоки Эрон ва анҷоми иқдомоти харобкорона ва зиддиамниятиро дошт, бо ишрофи иттилоотӣ ва амалиёти дақиқи размандагони ин қароргоҳ ба таври комил нобуд шуд.

Ин иттилоия меафзояд: Дар ин даргирӣ, тамоми ҳафт узви ин тими террористӣ кушта ва захмӣ шуданд ва миқдоре силоҳ, муҳиммот ва таҷҳизот аз онон мусодира шуд.

  Дар ин иттилоия таъкид шудааст: Неруҳои иттилоотӣ, амниятӣ, низомӣ ва интизомии Эрон бо омодагӣ ва ишрофи иттилоотии ҳамаҷониба, ҳаргуна таҳарруки бадкорон ва гурӯҳҳои террористиро расад ва дар сурате, ки кӯчактарин тааррузе сурат бипазирад, бо қотеъият бо он бархурд хоҳанд кард.

Сайидмаҳмуди Алавӣ вазири иттилооти Эрон чанде пеш эълом кард, ки аз 20 марти 2017 то 20 марти 2018, бо талоши неруҳои амниятӣ, 300 тими террористӣ дар Эрон нобуд шуд.