Сафари Раиси ҷумҳури Эрон ба Чин
Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури ширкат дар ҳаҷдаҳумин иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Чин сафар кардааст.
Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзҳои нуҳум ва даҳуми июн дар шаҳри Чиндаои Чин баргузор мешавад.
Амният, суботи минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва тундгароӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳо аз меҳварҳои гуфтугу дар ин иҷлос аст.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи мубориза бо терроризм дар дохили Эрон ва минтақа таҷрубиёти бисёр боарзише дорад. Дар ин иҷлос низ ҳамфикриҳо ва ройзаниҳое байни кишварҳои минтақа дар ин бора анҷом хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳури исломии Эрон дар ин хусус бо ишора ба густариши терроризм ва ноамниҳои бархоста аз дахолатҳои Амрико ва ҷараёнҳои барҳамзанандаи субот дар минтақа таъкид кард: Бояд минтақае қавитар, амнтар ва тавсеъаёфта дошта бошем ва амалисозии ин ҳадаф бо ҳамкорӣ имконпазир аст.
Шӣ Ҷинпинг раиси ҷумҳури Чин дар бораи ҷойгоҳи муҳими Эрон дар минтақа ва ҷаҳон гуфт: Чин хоҳони равобити стратегӣ бо Эрон аст.
Эрон ва Чин бар чандҷонибагароӣ таъкид доранд, мудохила дар умури дохилии кишварҳоро бар наметобанд ва барои баланд бардоштани сатҳи ҷойгоҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар назми байналмиллалӣ талош мекунанд. Ин ҳамгароиҳо метавонад ҳамкориҳои сиёсии ду кишварро маънодор созад.
Илова бар ин ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар ба вижа баъд аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, ки Чин яке аз имзокунандагони он ба ҳисоб меояд; аз аҳаммияти бештаре бархурдор шудааст.
Доктор Кристиан Виперфорт аз коршиносони Шурои равобити хориҷии Олмон (DGAP) бо ишора ба хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон мегуяд: Дар шароити нав аҳаммияти Русия ва Чин аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ барои Эрон афзоиш меёбад. Теҳрон медонад, ки кишварҳои аврпуоӣ камтар аз Маскав ва Пекин қобили эътимоданд.
Воқеъият он аст, ки равобити Эрон ва Чинро наметавон ва набояд дар қолиби нақдҳо ва таҳлилҳои яксӯя мубтанӣ бар ниёзмандӣ ва вобастагии як тараф ва фурсатталабии тарафи дигар таҳлил ва тафсир кард. Ончи равобити Эрон ва Чинро токунун дар вазъияте пойдор ҳифз намуда равобите мубтанӣ бар эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ, набуди мудохила дар умури дохиллии якдигар, истиқлол дар сиёсати хориҷӣ, ширкатҳои мубтанӣ бар манофеъи мутақобил ва ҳамкорӣ бар асоси модели "ниёз-фурсати муштарак" аст.
Эрон ва Чин ҳамчунин тавонистаанд дар ҳавзаҳои минтақаӣ ва байналмиллалии сатҳи қобили қабуле аз таомулотро ироа диҳанд.
Дар воқеъ таъсиргузор будани нақши Эрон дар арсаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ сабаби таваҷҷуҳи вижаи Пекин ба тавсеъаи равобит бо Эрон дар сатҳи роҳбурдӣ шудааст. Сиёсати тавсеъаи муносибот дар масоили роҳбурдӣ бетардид метавонад уфуқҳои тозаеро дар равобити Эрон ва Чин дар саҳнаи байналмиллалӣ эҷод кунад.
Аз ин ру сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Чин ва ҳузури фаоли Эрон дар иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай, дорои паёмҳои муҳимме дар посух ба сиёсати якҷонибагароии Амрико ва ҳамчунин дар таҳлили равобити дарозмуддати Теҳрон-Пекин аст.