Июн 11, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Дар иҷлоси Шанхай бар амалиётӣ шудани тааҳҳудоти “БАРҶОМ”-ӣ таъкид шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳимояти Созмони ҳамкори Шанхай аз БАРҶОМ гуфт, дар ин иҷлос, бар истифодаи Эрон аз мазоёи иқтисодии БАРҶОМ ва амалиётӣ шудани тааҳҳудоти Русия, Чин ва кишварҳои аврупоии имзокунандаи ин тавофуқ, таъкид шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф изҳор кард, дар ин сафар илова бар эъломи мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи Рӯҳонӣ, аз БАРҶОМ низ ба унвони як тафоҳумномаи байналмилалӣ ҳимоят шуд.

Вай идома дод, дар ин сафар фурсати дидор ва гуфтугӯи Рӯҳонӣ бо раисони ҷумҳури Русия ва Чин ба унвони ду тарафи БАРҶОМ муҳайё шуд, ки дар он, дар бораи шароити кунунӣ ва наҳваи идомаи ҳамкорӣ бо таваҷҷуҳ ба хурӯҷи Амрико аз барҷом ва наҳваи ҳимоят аз он ва вазоифе, ки ҳамаи тарафҳо ба ӯҳда доранд, сӯҳбат шуд.

18-умин иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар сарон кишварҳои узв ва нозир, рӯзҳои 9 ва 10 июн дар шаҳри Чиндаои Чин баргузор шуд.