Июн 11, 2018 15:08 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Мизбони Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ дар соли 2018

Қоиммақоми вазири омӯзиш ва парвариши Эрон дар Кумитаи роҳбурдӣ ва иҷрои Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносии 2018, гуфт, масири пазириши Эрон барои мизбонии ин давра аз Олимпиад аз соли 2012, оғоз шуд ва дар ниҳоят мизбонии соли 2018 ба Эрон тааллуқ гирифт.

Фотима Муҳоҷиронӣ дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, токунун 62 кишвар барои ширкат дар Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ- 2018 сабти ном кардаанд.

Муҳоҷиронӣ бо ишора ба баргузории ин Олимпиад дар рӯзҳои 15 то 21 июл дар Теҳрон, гуфт, ширкаткунандагон дар Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ, 250 нафар аз донишомӯзони синнҳои 16 то 18 сол ҳастанд ва аз Эрон низ чаҳор донишомӯз ширкат хоҳанд кард.

Ӯ дар бораи дурахшиши донишомӯзони Эрон дар олимпиадҳои ҷаҳонӣ низ гуфт, донишомӯзони Эрон дар 33 соли гузашта, 681 медал дар олимпиадҳои ҷаҳонӣ касб кардаанд.