Шиносоӣ ва боздошти аъзои як тими террористӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i35480-Шиносоӣ_ва_боздошти_аъзои_як_тими_террористӣ_дар_Эрон
Вазорати иттилооти Эрон 27 нафар аз аъзои як шабакаи террористиро, ки қасди ҷинояти густарда дар моҳи мубораки Рамазон ба вижа дар рӯзи Қудсро доштанд, шиносоӣ ва боздошт карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 11, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
  • Шиносоӣ ва боздошти аъзои як тими террористӣ дар Эрон

Вазорати иттилооти Эрон 27 нафар аз аъзои як шабакаи террористиро, ки қасди ҷинояти густарда дар моҳи мубораки Рамазон ба вижа дар рӯзи Қудсро доштанд, шиносоӣ ва боздошт карданд.

Ин афрод қасди ноамн кардани Эрони исломӣ ва иҷрои силсила амалиёти террористӣ дар Теҳрон ва чанд шаҳри муҳимро доштанд ва бо интишори тасовире дар фазои маҷозӣ, миллати шарифи Эрони исломиро ба интиқом ва қатл таҳдид карда буданд, ки бо ҳушёрии нерӯҳои амниятӣ ва ҳамкории мақомоти қазоӣ ва нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ, ба вижа полиси Фато, ҳамагии онон боздошт шуданд.

Аз ин шабакаи террористӣ силоҳ ва муҳиммот шомили чандин қабза аслиҳаи Калашников, култ, норинҷак, бомб ва таҷҳизоти сохти маводи инфиҷорӣ кашф ва забт шудааст.