Июн 13, 2018 13:19 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳанӯз бастаи амалиётии лозим барои БарҶомро аз Аврупо дарёфт накардааст

Вазири умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, аврупоиҳо дар гуфтугӯҳои коршиносӣ бо Эрон дар хусуси БарҶом, тааҳҳуди худро ба ин тавофуқи байналмилалӣ эълом карда, аммо ҳанӯз бастаи амалиётии лозимро ироа накардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Муҳаммадҷаводи Зариф асри дирӯз дар замони вуруд ба Африқои Ҷанубӣ бо ишора ба охирин даври гуфтугӯҳои коршиносӣ байни Эрон ва гурӯҳи 4+1, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон баргузор шуд, афзуд: “Ҳамаи тарафҳои БарҶом машғули кор бар рӯйи ин баста ҳастанд, аммо фурсат маҳдуд аст”.

Вазири хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки бояд итминон ҳосил шавад, миллати Эрон аз тамоми имтиёзоти БарҶом баҳраманд хоҳад шуд, изҳор дошт, ҳамон тавр, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд, ҳамзамонии маҳдудият бо таҳрим ғайримумкин аст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико сешанбеи ҳаштуми май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷи Вашингтон аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зарфи муддати се то шаш моҳи ояндаро эълом кард.

Ин иқдоми Трам бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.

Британия, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони тарафҳои БарҶом изҳор доштанд, аз ин тавофуқи байналмилалӣ ҳимоят мекунанд.

Дар ҳамин росто, Эрон ва Аврупо дар ҳафтаҳои ахир гуфтугӯҳоеро ба манзури ҳифзи БарҶом пас аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ оғоз кардаанд.