Руҳонӣ: Ҳамаи кишварҳо бояд дар баробари зӯргӯии ҳокимони Кохи Сафед биистанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Имрӯз шарикони тиҷории Эрон, Аврупо, Русия, Чин, ҳамсоягон, мусулмонон ва ҳамаи кишварҳо бояд дар баробари зӯргӯии ҳокимони Кохи Сафед биистанд.
Ҳасани Руҳонӣ рӯзи ҷумъа ва дар дидори масъулони низом, ҷамъе аз қишрҳои мухталифи мардум ва сафирони кишварҳои исломӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати иди саиди Фитр, душманро дар шароити феълӣ фоқиди таҷриба ва ақлоният донист ва гуфт: Тасмими душман ин аст, ки натанҳо тааҳҳудоти худ дар баробари миллати Эрон, балки ҳамаи тааҳҳудоти байналмилалӣ ва минтақаии худро зери по бигузорад.
Руҳонӣ афзуд: Ҷойи шигифтӣ аст қудрате, ки дасташ ба хуни мардуми ин минтақа аз Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Яман гирифта то соири манотиқ олудааст, ниқоби сулҳталабӣ бар чеҳра зада ва аз музокира ва сулҳ дам мезанад ва режими ғосибе, ки ҳар рӯз ба куштори мардум мепардозад, ба даврагардӣ рӯй оварда, то чеҳраи ғалат ва дурӯғинеро аз низоми ҷумҳурии исломӣ ва мардуми Эрон тарсим кунад.
Раиси ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо баёни инки «Беш аз гузашта ниёз ба тақвияти фазои маънавӣ, ваҳдат, эътимод ва умед ба оянда дорем» тасреҳ кард: Ончи бояд дар канори давлат қарор гирад, тавони қувваҳои дигар ва ба вижа мардум аст.