Июн 17, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи пешини иттилоотии Исроил: 11 сентябри баъдӣ бояд бахши энержии Эрон бошад

Яке аз фармондеҳони аршади пешини иттилоотии Исроил мегӯяд, ки аввалин ҳадафи ҳамалоти сайберӣ дар ҷанги отӣ бо Эрон бояд зерсохтҳои энержии онҳо бошад.  

Фармондеҳи пешини воҳиди иттилоотии 8200 артиши Исроил мегӯяд, ки аввалин ҳадафи ҳамалоти сайберӣ дар ҷанги отӣ бо Эрон ва Ҳизбуллоҳ бояд зерсохтҳои энержии онҳо бошад.  

Тибқи гузориши The Jerusalem Post, Ихуд Шнерсон, ки дар конфронсе сайберӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ сухан мегуфт, бахши энержиро “сутуни муҳими иқтисод ва шарёни аслии низом”-и Эрон тавсиф кард.