Июн 17, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Афғонистон дар санъати гардишгарии Хуросони Разавӣ

Мудири кулли мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии устони Хуросони Разавӣ дар шимоли шарқи Эрон гуфт: Сармоягузорони Афғонистон дар 18 тарҳи устони Хуросони Разавӣ мушорикат доранд.  

Абулфазли Мукаррамифар, мудири кулли мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии гардишгарии устони Хуросони Разавӣ дар дидори ҳайъатмудираи Анҷумани сармоягузорони Афғонистон дар Эрон ва ҷамъе аз сармоягузорони он кишвар дар Машҳад гуфт: Афғонҳо бо 44 миллиону 500 ҳазор доллар, бештарин мизони сармоягузории хориҷӣ дар гардишгарии устони Хуросони Разавиро то 2017 доштаанд.

Мукаррамифар бо ишора ба бархе фурсатҳои иқтисодӣ шаҳри Машҳад барои афғонистониҳо пешниҳод кард: Ресторани афғонистониҳои муқими Машҳад, ба унвони яке аз фурсатҳои муҳими иқтисодӣ, бо сармоягузории афғонистониҳо эҷод шавад.

 

Барчасп