Июн 19, 2018 09:56 Asia/Dushanbe

Саноати дастӣ ва ғизоҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо истиқболи ҳозирин дар бозорчаи ҷаҳонии Созмони Милал мувоҷеҳ шуд. Маблағи аз фурӯши ин маҳсулот бадастомада барои кумак ба мусалмонони сурӣ ва миёнморӣ ҳазина мешавад.

Фотима Раҳматӣ, яке аз масъулони баргузории ин бозорча гуфт, беш аз ҳама ғизоҳои эроние чун кабоби кӯбида, чӯҷакабоб ва мирзоқосимӣ мавриди писанди хориҷиҳост.