Таҳсили 450 ҳазор донишомӯзи паноҳанда дар Эрон
Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Вазорати кишвари Эрон эълом кард, 450 ҳазор донишомӯзи паноҳанда дар канори донишомӯзони эронӣ машғул ба таҳсил ҳастанд.
Аҳмад Муҳаммадифар дар нишасти хабарии Рӯзи ҷаҳонии паноҳанда дар Донишгоҳи Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ним қарни гузашта талош кардааст хадамоти аввалия ва мавриди ниёзи се то панҷ миллион паноҳандаро дар кишвар фароҳам кунад.
Ба гуфтаи вай, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар се соли гузашта ҷамъияти зиёдеро ба кумаки комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, таҳти пӯшиши бимаи саломат даровардааст.
Муҳаммадифар бо баёни ин ки ҳимоят аз паноҳандагон сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, изҳор дошт, ҳамакнун дар миёни паноҳандагони афғон дар Эрон 17 ҳазор донишҷӯ ва 25 ҳазор фориғуттаҳсил аз донишгоҳҳои Эрон ҳузур доранд, ки омодаи сохтани Афғонистони ҷадид ҳастанд.