Июн 21, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
  • Бозхонии хабосати амрикоиҳо бо миллати Эрон

Вазири хориҷаи Эрон дар мақолае ба иддаоҳои ахири вазири хориҷаи Амрико зидди миллати Эрон посух дод ва мавориди муҳимеро ба унвони ин ки Амрико хусумати таърихӣ бо Эрон дорад ва бояд хисорат бипардозад, ба он ишора кардааст.

Майк Пампео, вазири хориҷаи ҷадиди Амрико 21-уми майи соли 2018 дар суханоне беасос, тавҳиномез ва мудохилагарона, хостаҳо ва таҳдидотеро дар иртибот бо Эрон матраҳ кард, ки реша дар хусумати таърихии Амрико бо миллати Эрон дорад ва намунаҳои он дар таърихи чиҳилсолаи инқилоби исломӣ мавҷуд аст.

Майк Пампео дар ҳоле Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм ва бесуботсозӣ дар минтақа кард, ки маҷмӯаи рафтори Амрико дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Иёлоти Мутаҳида, кишваре мутаҷовиз ва нақзкунандаи муоҳидаҳои байналмилалӣ сохтааст.

Сиёсати давлатҳои мухталиф дар Амрико, аз ҷумла сиёсати давлати кунунии ин кишвар ба раёсати Доналд Трамп, таҳдиде барои ҷаҳон аст, ки дар қолаби рӯйкарди якҷонбагароии вайрониовар, таҳдидомез, тарс ва фишор намоён шудааст.

Вазири хориҷаи Трамп дар ҳоле пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом шартҳоеро барои Эрон таъйин кард ва Теҳронро дар чорчӯбе, ки Вашингтон мадди назар дорад, таҳдид кард; "пойи мизи музокира бикашонад", ки таҷрибаи 40 сол аз инқилоби исломӣ ибрате барои амрикоиҳост то бо забони такрим бо миллати Эрон сухан бигӯянд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар мақолаи худ ба хубӣ посухи вазири хориҷаи Амрикоро дод ва навишт: “Вазири хориҷаи Амрико бояд бидонад, ки мардуми Эрон дар тӯли чаҳор даҳаи гузашта муқобили таҷовуз ва фишорҳои мухталифи Амрико, аз ҷумла талош барои кудато ва мудохилаи низомӣ, ҳимоят аз мутаҷовиз дар ҷанги таҳмилӣ ва эъмоли таҳримҳои якҷониба ва умумияти фаромиллии онҳо ва ҳатто сарнагунии як ҳавопаймои мусофирбари эронӣ ва ғайра сарафрозона истодаанд”.

Ин истодагӣ имрӯз ҷиҳатҳои мухталифе ба худ гирифтааст ва фарофикании афроде амсоли Майк Пампео сабаби дигаргунӣ дар моҳияти таърихии рафтори хасмонаи Амрико бо миллати Эрон ва таҳаррукоти минтақаии он кишвар намешавад.

Ҳимояти Амрико аз гурӯҳаки террористии “Мунофиқин”, нақш доштани ин кишвар дар террори донишмандони ҳастаии Эрон дар ҳамкорӣ бо Массад, кумаки таслеҳотӣ ба режими баъси Саддом дар замони ҳашт соли ҷанги таҳмилӣ ва ҳадаф қарор додани ҳавопаймои мусофирбарии Эрон бо беш аз 290 мусофир ва хадама, фақат намунае аз рафторҳои давлатҳои мухталиф дар Амрико бо миллати Эрон аст.

Ингуна рафторҳо бо иддаосозӣ ва таваҳҳум аз ҳофизаи таърихии миллати Эрон пок нахоҳад шуд ва давлатмардони амрикоӣ ба ҷойи шарт гузоштан бояд посухгӯ бошанд ва ба миллати Эрон ба сабаби ҷиноятҳои мухталиф хисорат бипардозанд.

Вазири хориҷаи Амрико дар таърихи 21-уми май Эронро ба ҳимоят аз терроризм дар минтақа муттаҳам кард, ки ба гувоҳи асноди таърихӣ, террористҳои сохта ва пардохтаи Амрико бо пирӯзии инқилоби исломӣ ҳазорон нафар эрониро террор ва шаҳид карданд ва акнун саркардагони онон дар лонаҳои амн зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин чорчӯб, Ҷаводи Ҳошиминажод, дабири кулли бунёди “Ҳобилиён” (хонаводаи шаҳидони террор дар Эрон) чаҳоршанбешаб дар барномаи гуфтугӯи вижаи хабарии шабакаи дувуми телевизиони Эрон, бо баёни ин ки Ғарб, ба вижа Амрико дар баробари Эрон аз ҳама гурӯҳҳои террористӣ ҳимоят кардааст, гуфт: “Террорист‎ҳо беш аз 17 ҳазор нафарро дар Эрон ба шаҳодат расонданд ва ҳамаи онҳо дар кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар дафтар доранд ва мавриди ҳимояти расонаӣ, сиёсӣ, лагистикӣ ва молии ғарбиҳо ҳастанд”.

Ҳамин рафтор ва сиёсати Амрико боиси густариши ноамнӣ ва терроризм дар минтақаи ғарби Осиё ҳам шудааст ва акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишваре масъулиятпазир бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико дар ҳоли мубориза аст.

Ҳамон тавр, ки вазири хориҷаи Эрон дар мақолаи худ овардааст: “Сиёсатҳои давлати Амрико на фақат намунае аз далоили беэътимодии мардуми Эрон ба давлати Амрикост, балки аз илали муҳим ва бунёдии терроризм, ҷанг ва ноамнӣ дар ҷаҳон ва ба вижа дар минтақаи ғарби Осиё  аст”.

 

 

Барчасп