Баррасии шикояти Эрон зидди Амрико
Девони байналмилалии додгустарӣ дар шаҳри Гаага (Лоҳа)-и Нидерланд рӯзи ҷумъа эълом кард, ин девон дар моҳи октябри соли 2018 шикояти Эрон алайҳи Амрикоро, ки миллиардҳо доллар дороии Эронро мутаваққиф кардаву пас намедиҳад, баррасӣ мекунад.
Ба гузориши “Франс Пресс”, Девони байналмилалии додгустарӣ дар ин баёния эълом кард, дар бораи мавзӯи марбут ба бархе дороиҳои Эрон дар Амрико аз рӯзи душанбеи ҳаштум то рӯзи ҷумъа – 12-уми октябр дар Кохи Сулҳи Гаага, ки девон дар он ҷо мустақар аст, ҷаласоти умумӣ баргузор хоҳад кард.
Девони олии Амрико 20 –уми апрели соли 2016 барои забти ҳудуди ду миллиард доллар аз дороиҳои Эрон, ки дар Ню-Йорк тавқиф шуда, муҷаввиз додааст.
Ин дороӣ ба тааҳҳудоте марбут мешавад, ки Бонки марказии Эрон сармоягузорӣ кардааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар июни соли 2016 шикояте ба Девони байналмилалии додгустарӣ дар Гаага ироа кард ва озод шудани ин дороиҳои худро хостор шуд. Вале додгоҳҳои Амрико эълом карданд, ин маблағ бояд барои пардохти ғаромат ба қурбониёни амрикоии ҳамалоти террористӣ масдуд шавад.
Дар 30-юми майи 2003 ба сабаби яке аз аҳкоме, ки дар ин қолаб ва бидуни ҳеҷ мабнои ҳуқуқӣ ва воқеӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон содир шуд, додгоҳи Вашингтон ба баҳонаи беасоси шикояти хонаводаҳои 241 низомии кушташуда дар инфиҷори мақарри туфангдорони амрикоӣ дар Бейрут дар соли 1983 ба нораво Эронро масъул шумурд.
Дар ҳафтуми сентябри соли 2007 ҳамон додгоҳ дар ҳукми дигаре Эронро ба пардохти 2,6 миллиард доллар ба унвони ғаромат ба беш аз ҳазор нафар аз аъзои хонаводаи кушташудагони ҳаводиси террористӣ маҳкум кард.
Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст.