Ҳадя кардани фараши дастбофи Федератсияи футболи Эрон ба Русия
(last modified Sat, 23 Jun 2018 11:06:51 GMT )
Июн 23, 2018 16:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳадя кардани фараши дастбофи Федератсияи футболи Эрон ба Русия

Федератсияи футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон фараш дастбофи ҳосили дасти ҳунармандони эрониро, ки ба муносибати мизбонии Русия дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 омода карда буд, ба Федератсияи футболи Русия эҳдо кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар ин маросим Муҳаммадризо Сокит, дабири кулли федератсия ва мудири корвони эъзомии тими миллии футболи Эрон ба рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Русия ба ҳамроҳи Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Маскав, бо Александр Алаев, дабири кулл ва сарпарасти Федератсияи футболи Русия, дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор ду тараф дар бораи густариши равобит дар заминаи омӯзиш, табодули таҷрибиёт дар заминаи доварӣ, футболи поя, бозорёбӣ, сохти варзишгоҳҳо, бозиҳои тадорукотии футбол, футсол ва футбол исоҳилӣ, табодули назар карданд.

Сокит дар ин дидор аз Федератсияи футболи Русия ба далели баргузории матлуби рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ, қадрдонӣ кард.

Пеш аз ин Федератсияи футболи Эрон як таблофаршро ба раиси Федератсияи Испания, эҳдо карда буданд.