Июн 25, 2018 11:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти сафорати Эрон дар Сербистон аз таъсиси риштаи мутолиоти форсӣ

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сербистон, дар ҷамъи донишҷӯёни забони форсии Донишгоҳи Белград, аз ҳимояти комили ройзании фарҳангии Эрон, ҷиҳати таъсиси риштаи мустақили “мутолиоти форсӣ” дар Сербистон, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҳусайни Муллоабудоллоҳӣ аз талошҳои сурат гирифта барои иртиқои сатҳи омӯзиши забони форсӣ дар Сербистон, ибрози ризоят кард ва хостори ташкили курси мустақили забони форсӣ шуд.

Вай бо ишора ба сафари гардишгарии беш аз 14 ҳазор эронӣ ба Сербистон аз замони лағви раводид, барқарории парвози мустақим, густариши муровидоти тиҷорӣ ва гардишгарӣ байни ду кишвар, онро фурсати муносибе барои иштиғоли донишомӯхтагони забони форсӣ унвон кард.

Лилиана Маркович, раиси Донишкадаи адабиёт ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи Белград ҳам гуфт, воҳиди ихтиёрии забони форсӣ маҳбубтарин дарси интихобии донишкада аст; Ба тавре, ки донишҷӯён аз тамоми риштаҳои мухталиф, ин дарсро интихоб ва ба дӯстони худ пешниҳод мекунанд.

Вай бо ишора ба фаъолитяҳои Эрон дар таъсиси курсӣ забони форсӣ, идома дод, ин мавзӯъ дар донишкада таъйид шуда ва раволи идорӣ ва қонунӣ барои ҷазби донишҷӯ дар давраи чаҳорсолаи риштаи «мутолиоти форсӣ» дар ҳоли анҷом аст ва донишкада бо ҷидият, таъсиси ин риштаро пайгирӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 донишҷӯи Донишкадаи адабиёт ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи Белград, аз тамоми гурӯҳҳо ва риштаҳои мухталиф, машғули ёдгирии забони форсӣ дар қолаби дарси ихтиёрӣ ҳастанд, ки баъд аз дарси интихобӣ забони англисӣ, бештарин теъдоди донишҷӯёнро дорад.