Июн 26, 2018 13:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо маводи мухаддир бисёр коргушост

Муовини сиёсӣ ва амниятии устондории Хуросони Разавӣ гуфт, маводи мухаддир дар раъси осебҳои иҷтимоии ҷавомеи Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон аст, ки азми воҳид дар мубориза бо он беш аз гузашта эҳсос мешавад.

Наврӯзиён дар маросими Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир, ки дар устондории Хуросони Разавӣ баргузор шуд, тасреҳ кард, тиҷорати маводи мухаддир бо таваҷҷуҳ ба суддиҳии болое, ки дорад, ҳамвора гурӯҳҳои қочоқчиро фаъолтар аз пеш кардааст, пас мубориза бо он низ бояд бо ҷиддияти бештаре пайгирӣ шавад. Ӯ бо ишора ба транзити маводи афюнӣ гуфт, мавқеияти ҷуғрофии Эрон ва кишварҳои ҳамсояи дорои шароит транзит боис шудааст, ки бисёре аз манобеи молӣ ва интизомии кишварҳоро даргири муқобила бо ин мушкил кунад ва ин масъала дар набудани ҳимоятҳои байналмилалӣ бо чолиш мувоҷеҳ аст. Муовини сиёсӣ ва амниятии устондории Хуросони Разавӣ дар идома бо интиқод аз адами пойбандии маҷомеи байналмилалӣ ба тааҳҳудоти худ афзуд, хушбахтона, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 75 дарсад аз саҳми кашфиёти дунё болотарин сатҳи иқдом дар мубориза бо маводи мухаддирро дорост.

Дар идомаи ин маросим сарпарасти Шӯрои ҳамоҳангии маводи мухаддири устони Хуросони Разавӣ дар гузорише Афғонистонро бузургтарин конуни тавлиди анвои маводи мухаддир донист ва гуфт, мутаассифона, тавлид дар ин кишвар нисбат ба соли гузашта беш аз 55 дарсад рушд доштааст. Ваҳид Ашрафӣ ҳамчунин ироаи омӯзишҳои корбурдӣ ба хонаводаҳо, мадорис ва амокини фарҳангиро дар зумраи иқдомоти муассири ин ниҳод баршумурд ва ҳамкории ҳамаи ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва ҳақиқиро дар масири муборизаи ҷиддӣ бо маводи мухаддир хостор шуд.

Дар поёни ин маросим аз чанд тан аз хонаводаҳои шуҳадои мубориза бо гардиши маводи мухаддир бо эҳдои ҳадоёе таҷлил шуд.