Сентябр 05, 2016 18:26 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии Эрон - гомҳои фаротар аз БАРҶОМ

Теҳрон дар рӯзҳои ахир мизбони ҳайату мақомҳое аз Уммон ва Алҷазоир будааст.

Музокироте низ бо Айлз Айгнер, вазири иқтисоди иёлати Баварияи Олмон дар Теҳрон дар ҳоли баргузорист. Як ҳайати 50-нафараи иқтисодӣ вазири иқтисоди Баварияро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд. Зиёда аз ин имрӯз, душанбе, дар идомаи ин ройзаниҳо Клод Бартолон, раиси Маҷмаи миллии Фаронса барои дидори чоррӯза ба Теҳрон сафар мекунад.

Бархе маҳофили сиёсӣ бо назардошти дигар паҳлуҳои масъала бо эътироф ба ин ки бо иҷрои БАРҶОМ қудрати манёври Эрон афзоиш ёфтааст, саъй дар ироаи таҳлили баръакси воқеиятҳо доранд. Ин дар ҳолест, ки Амрико дар муҳтавои БАРҶОМ ба навъе механизми бозгашти худкори таҳримҳоро ҳифз карда, ба тааҳҳудоти худ комилан амал накардааст.

Яке аз заъфҳои БАРҶОМ ин аст, ки дар он бозгашти худкори таҳримҳо дар сурати бурузи тахаллуф аз сӯйи Эрон гунҷонда шудааст. Албатта, дар сурати фаъол шудани ин банд ширкатҳо ба сурати мустақим ба иллати ворид шудан дар тавофуқномаҳо бо Эрон дар замони барҳам додани таҳримҳо муҷозот нахоҳанд шуд, бинобар ин онҳо бидуни нигаронӣ метавонанд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд. Дар воқеъ, Амрико саъй кардааст, дар ин ҷараён ба навъе аз фишорҳои байналамилалӣ дар қиболи маҳдудсозии тиҷорати озоди ҷаҳонӣ бикоҳад ва ба мухолифони таҳримҳои якҷонбаи Амрико итминон диҳад, ки аз иқдомоти Амрико алайҳи Эрон зиён нахоҳанд дид. Амрико дар даврони пасобарҷомӣ ҳамчунон бозигари аслӣ дар роҳандозӣ кардани таҳримҳо бар зидди Эрон аст ва саъй дорад, Аврупо, ҳатто Созмон Милалро бо истифода аз аҳроми иддаосозӣ дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар ва таҳдиди тавони мӯшакии Эрон густараи таҳримҳоро ба ҳавзаҳои фаротар аз БАРҶОМ интиқол диҳад.

Албатта, пас аз ба поён расидани муҳлати БАРҶОМ (дар ҳудуди понздаҳ соли оянда) таҳримҳои Созмони Милал ва Аврупо ба таври комил ҳазф хоҳанд шуд ва эъмоли дубораи таҳримҳои Созмони Милал дар он замон вобаста ба раъйдиҳӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал хоҳад буд. Ҳар гуна эъмоли муҷаддади таҳримҳои Аврупо зарурати дастёбӣ ба ризоияти комили кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро пеш меорад. Таҳти ин шароит Амрико танҳо метавонад ба сурати якҷонба ба эъмоли таҳримҳои миёнаи худ бар зидди Эрон бипардозад ва агар бихоҳад ба сурати инфиродӣ чунин кореро анҷом диҳад, худро танҳо хоҳад дид.

 Нигоҳе ба талошҳои дипломатии Эрон дар ҳар ҳол нишон медиҳад, Теҳрон дар ҳоли тақвияти ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаӣ ва байналамилалӣ аст. Коршиносон муътақиданд, стратегияи Теҳрон дар рушди муносиботи иқтисодию сиёсӣ дар ростои вуруд ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва нақшофаринии муассир дар арсаи таҳаввулоти сиёсии минтақаию байналамилалӣ аст. Дар арсаи иқтисодӣ стратегияи Эрон ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои бозсозии зерсохтҳои дохилӣ бо истифода аз сармояи хориҷӣ, тахассуси дохилӣ ва тавсеаи баробари равобит аст. Доманаи тавсеаи муносиботи иқтисодии Эрон акнун аз Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ то Африқо пеш рафтааст. Дар ин ки Эрон аз фурсатҳои баъд аз иҷрои БАРҶОМ ҷиҳати тақвияти зерсохтҳои иқтисодии худ устуворона истифода мекунад, шакке нест. Аммо он чӣ ин маҳофил аз он убур мекунанд, ин воқеият аст, ки гомҳои Эрон ҷиҳати тавсеаи муносиботи сиёсию иқтисодӣ нишондиҳандаи шикасти лоиҳаи таҳримҳои Амрико ва бесамар будани фишорҳои Амрико аст, ки солҳо талош кард, бо роҳандозии таҳримҳои густурда Эронро ба ақибнишинӣ ва таслим водор созад. Ин маҳофил акнун, ки Эрон дар ҳоли бозгашт ба арсаи ҳамкории густурда ва чашмгири байналмилалӣ аст, мекӯшанд, бо ироаи тасвири баръакси БАРҶОМ таҳти унвони "кулоҳи Эрон бар сари Амрико" тақвияти ҷойгоҳи Эронро ба шакли дигаре таъбиру тафсир кунанд. Онҳо ин гуна вонамуд мекунанд, ки Амрико дар чорчӯби БАРҶОМ ба Эрон имтиёзҳои пинҳонӣ додааст. Дар ҳоле ки ҳаракати рӯ ба пеши Эрон бо вуҷуди идомаи таҳаррукоти Амрико дар даврони пасобарҷомӣ нишонаи беасар будани ҳаракатҳо алайҳи Эрон аст.