Сабти номи 103 ҳазор донишомӯзи атбои хориҷии ғайримуҷоз дар мадориси Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36222-Сабти_номи_103_ҳазор_донишомӯзи_атбои_хориҷии_ғайримуҷоз_дар_мадориси_Эрон
Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Вазорати кишвари Эрон, гуфт: 103 ҳазор нафар аз фарзандони атбои бегонаи ғайримуҷоз дар мадориси Эрон сабти ном шудаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 27, 2018 16:18 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи 103 ҳазор донишомӯзи атбои хориҷии ғайримуҷоз дар мадориси Эрон

Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Вазорати кишвари Эрон, гуфт: 103 ҳазор нафар аз фарзандони атбои бегонаи ғайримуҷоз дар мадориси Эрон сабти ном шудаанд.

Аҳмади Муҳаммадифар дар нишаст бо ҳайъатҳои дипломатики 11 кишвар ва ожонсҳои Созмони милал дар Эрон, дар устони Кирмони маркази Эрон афзуд: Фарзандони атбои бегонаи ғайримуҷоз, бояд бар асоси фармони раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар мадориси Эрон пазируфта шаванд.  

Ба гуфтаи вай бар ҳамин мабно, беш аз 500 ҳазор донишомӯзи атбои бегона, соли ҷорӣ дар мадориси Эрон машғул ба таҳсил хоҳанд шуд.