Июн 28, 2018 11:38 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Миллати Эрон дар муборизаи иродаҳо, Амрикоро шикаст хоҳад дод

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри чаҳоршанбе бо таъкид бар инки миллати Эрон дар баробари мутаҷовиз ва зӯргу, ҳаргиз сар хам накардааст ва намекунад, таъкид кард: Эрониён дар муборизаи иродаҳо, Амрикоро шикаст хоҳанд дод.

Ҳасани Руҳонӣ дар нишасти ҳамандешии мудирони баландпояи давлати Эрон ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ишора кард ва гуфт: Дар муддати 51 рӯзе, ки аз ин иттифоқ мегузарад тамоми кишварҳои ҷаҳон, Трамп ва ҳокимони Амрикоро маҳкум карданд, аммо ҳечкас сухане аз ин нагуфтааст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ақибнишинӣ карда ё аз таҳрим тарсидааст; баръакс, ҳамагон аз ақлу тадбири Эрони бузург сухан гуфтанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар инки БАРҶОМ ҳамчунон побарҷост, хотирнишон кард: Амрикоиҳо, саҳюнистҳо ва бадхоҳони Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа тасаввур мекарданд бо эъломи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, Эрон низ ба фосилаи чанд соат аз ин тавофуқ хориҷ хоҳад шуд, аммо Эрон эҳсосотӣ ва аз руи аҷала тасмим нагирифт.

руҳонӣ афзуд: Замоне, ки ҷумҳурии исломӣ эълом кард ба дархости дустон, кишварҳои аврпуоӣ, Русия ва Чин фурсате барои ҳифзи БАРҶОМ ба ин кишвар медиҳад, амрикоӣҳо, саҳюунистҳо ва бадхоҳони минтақаӣ хушкашон зад ва ончунон зарбае аз ноҳияи тадбири миллати Эрон бар онҳо ворид шуд, ки фикрашро ҳам намекарданд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки се роҳкор, таслим дар баробари Амрико, истодагӣ дар баробари Амрико ба ҳамроҳи идомаи ихтилофоти дохилӣ ва истодагӣ дар баробари Амрико бидуни идомаи ихтилофоти дохилӣ ва ҳифзи иззати миллӣ, пеши руйи Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари мавзеъи нави Амрико дар бораи БАРҶОМ, вуҷуд дорад таъкид кард: Миллати Эрон роҳкори саввумро интихоб кардааст ва Амрикоро дар муборизаи иродаҳо ба зону дар хоҳад овард.

 

Барчасп