Июн 30, 2018 19:29 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Бастаи пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо ба Эрон ироа нашудааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба интишори ахборе мабни бар ироаи бастаи пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо дар ҳимоят аз БАРҶОМ, гуфт, токунун бастаи пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо ба Эрон ироа нашудааст.

Бархе расонаҳо имрӯз (шанбе) аз қавли Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз тасвиби бастаи ҳимоятии ин иттиҳодия дар ростои тазмини манофеи Эрон, хабар доданд ва эълом карданд, тайи ду рӯзи оянда мафоди ин бастаи ҳимоятӣ, таслими мақомоти Эрон мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ изҳор кард, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли охирин ройзаниҳо барои ироаи пешниҳодоти худ ҳастанд, ки қатъан пас аз дарёфти ин бастаи пешниҳодӣ мавзӯи эълом ва баррасии мафоди он, оғоз хоҳад шуд.

Қосими афзуд, Эрон пас аз баррасии дақиқ пешниҳодоти Иттиҳоди Аврупо ва бар асоси манофеи миллӣ ва масолеҳи кишвар дар хусуси он ва низ ҳузур ё хурӯҷ аз БАРҶОМ, тасмими лозимро иттихоз хоҳад кард.

Пас аз иқдоми Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар хурӯҷ аз БАРҶОМ (ҳаштуми майи 2018) ва дархости кишварҳои аврупоӣ барои ҳифзи ин тавофуқ; Эрон фурсати маҳдуде ба аврупоиҳо дод то тазмини амалӣ диҳанд, ки манофеи БАРҶОМ-ии Эрон ҳангоми бозгашти таҳримҳои Амрико, таъмин шавад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон, 23 май, «ироаи тазмини воқеӣ аз сӯи кишварҳои аврупоӣ барои таъмини манофеи иқтисодии Эрон бо вуҷуди коршикании Амрико», ворид нашудани онон ба ду муаллафаи қудратсоз, яъне «барномаи мушакӣ» ва «ҳузури минтақаии Эрон», «тазмини хариди нефти Эрон», «тазмини бонкҳои аврупоӣ дар бораи дарёфт ва пардохти вуҷӯҳи тиҷорати давлатӣ ва хусусӣ бо Эрон» ва «муқобилаи сареҳи Аврупо бо таҳрими Амрико зидди Эрон»-ро аз ҷумлаи шурути Эрон барои тадовуми «БАРҶОМ-и аврупоӣ», баён карданд.

 

Барчасп