Июл 01, 2018 18:33 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби баёноти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар расонаҳои Ҳинд ва Покистон

Баёноти рӯзи шанбеи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳи имом Ҳусайн (а) бозтоби густардае дар расонаҳои мухталифи Ҳинд ва Покистон дошт.

Рӯзнома ва сайти Экспресси Покистон навишт, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон фармуданд, Амрико ба танҳоӣ қодир нест, ки алайҳи Эрон амалиёт кунад.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, далели дигари қудрат ва иқтидори миллати Эронро ташкили эътилофҳои минтақаӣ аз ҷониби Амрика барои муқобила бо низоми ҷумҳурии исломӣ донистанд ва афзуданд, агар Амрико метавонист ба танҳоӣ ба аҳдофи худ бирасад, ниёзе ба ташкили эътилоф бо кишварҳои русиёҳ ва муртаҷаи минтақа надошт.  

Эшон ҳамчунин таъкид карданд, миллати Эрон дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки душманон ҷуръати таҳоҷуми низомӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ва сиёсиро надорад.

Рӯзнома ва сайти Дунёи Покистон ҳам навишт, Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фармуданд, Амрико мехоҳад, ки бо фишори иқтисодӣ давлатро аз пой дароварад ва миллати Эронро алайҳи давлат кунад, ки Амрико дар ин роҳ ноком хоҳад монд.

Рӯзномаи ҳиндии Инқилоб низ навишт, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон гуфтанд, Амрико бадунболи фишори иқтисодӣ алайҳи Эрон аст, то миллат ва давлатро даргир кунад, аммо Амрико ноком хоҳад монд, чун дар гузашта шаш раисҷумҳури Амрико натавонистанд Эронро ба зону дароваранд.

 

Барчасп