Июл 03, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Ба ёди 290 мусофири шаҳид дар ҳамлаи мушакии Амрико

Имрӯз, дувоздаҳуми тири соли 1397-и хуршедӣ, баробар бо сеюми июли соли 2018-и милодӣ солрӯзи ҳамлаи мушакии кишти амрикоии “Винсеннес” ба ҳавопаймои мусофирабари “Эйробус”-и Эрон аст, ки аз Бандар Аббос ба мақсади Дубай дар ҳоли парвоз буд.

Бар асари шиллики мушаки нови ҷангии “Vincennes” ба ҳавопаймои мусофирбари Эрон ҳамаи 290 мусофири он шаҳид шуд.

Пас аз суқути ин ҳавопаймо мақомоти амрикоӣ барои тавҷеҳи ин ҷинояти нобахшиданӣ далоили зидду нақизе пеш оварданд ва кӯшиданд, ин иқдоми хасмонаро як иштибоҳ вонамуд кунанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба муҷаҳҳаз будани киштии ҷангии “Винсеннес” ба пешрафта‎тарин систем‎аҳои радарӣ ва ҳамчнин мушаххас будани навъи ҳавопаймои дар ҳоли парвоз мусаллам шуд, ки эҳтимоли иштибоҳ вуҷуд надошта ва ин иқдом комилан хасмона будааст.

Имрӯз маҳалли шаҳодати 290 шаҳиди ин ҳавопаймо дар Халиҷи Форс гулборон мешавад. Хонавода‎ҳои қурбониёни ин ҳамла ва масъулон бо андохтани шоха‎ҳои гул дар об‎ҳои Халиҷ Форс ёди қурбониёни ин ҷинояти зиддибашариро гиромӣ ме‎доранд.

 

Барчасп