Рӯҳонӣ: Асоси сиёсати Эрон, таомули созанда бо ҷаҳон аст
Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки музокироти ҳастаӣ ва тавофуқи БАРҶОМ, баёнгари пойбандии Эрон ба тавофуқоти байналмилалӣ аст, тасреҳ кард: Асоси сиёсати ҷумҳурии исломии Эрон, таомули созанда бо кишварҳои ҷаҳон аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар Нишасти фаъолони иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Швейтсария, ки бо ҳузури ҳамтои швейтсарияии ӯ дар Берн баргузор шуд, таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон хостори равобити қонунӣ, дӯстона ва созанда бо ҷаҳон аст ва дар ин замина нақши худро ба хубӣ ифо кардааст.
Вай бо ишора ба талоши бархе кишварҳо барои ишоаи рафторҳои ғайриқонунии худ дар ҷаҳон, тасреҳ кард: Эрон ва Швейтсария мусамам ҳастанд, дар чорчуби қавонини байналмилалӣ ва манофеи миллатҳои худ, равобити тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷонибаро идома диҳанд.
Рӯҳонӣ бо таъкид бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Швейтсария тасреҳ кард: Бозаргонон, санъатгарон ва корофринон метавонанд бар асоси манофеи ду кишвар, бахусус дар заминаи тавлидоти дору, таҷҳизоти бемористонӣ ва тавлидоти мавод ғизоӣ равобити дуҷонибаро густариш диҳанд.
Алаин Берсет, раисҷумҳури Швейтсария низ дар ин нишаст бар густариш ва идомаи ҳамкорӣ бо Эрон таъкид кард.