Зариф: Иродаи тарафҳои БарҶОМ бояд ба амал табдил шавад
(last modified 2018-07-05T04:09:07+00:00 )
Июл 05, 2018 09:09 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Иродаи тарафҳои БарҶОМ бояд ба амал табдил шавад

Вазири хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, тааҳҳуди тарафҳои дигари БарҶОМ барои ҳифзи ин тавофуқи ҳастаӣ бояд ба амал табдил шавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷии Эрон шаби чаҳоршанбе дар “Твиттер”-и худ дар остонаи нишасти Комиссияи муштараки БарҶОМ дар сатҳи вазирони хориҷии Эрон ва дигар тарафҳои БарҶОМ дар Вена навишт, тааҳҳуд ба БарҶОМ ба равшанӣ намоён шуда ва лозим аст, ки ин ирода ба амал дарояд.

Пас аз иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар хурӯҷ аз БарҶОМ ва дархости кишварҳои аврупоӣ барои ҳифзи ин тавофуқ Эрон фурсати маҳдуде ба аврупоиҳо додааст, то тазмини амалӣ диҳанд, ки манофеи барҷомии Эрон ҳангоми бозгашти таҳримҳои Амрико таъмин мешавад. Ин фурсат рӯзҳои поёнии худро сипарӣ мекунад ва қарор аст, рӯзи ҷумъа дар чорчӯби ҳифзи БарҶОМ-и аврупоӣ бастаи пешниҳодии Аврупо ҳамзамон бо нишасти Комиссияи муштараки БарҶОМ дар сатҳи вазирони хориҷии Эрон ва дигар тарафҳои он дар Веана рӯнамоӣ шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри чаҳоршанбе дар дидори Юкия Амано, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар Вена бо таъкид бар ин ки “агар ҳуқуқи миллати Эрон дар БарҶОМ таъмин нашавад, далеле вуҷуд надорад, ки дар БарҶОМ бимонем”, гуфт, фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ҳамвора сулҳомез буда ва ҳаст, аммо ин Теҳрон аст, ки дар бораи сатҳи ҳамкорӣ бо Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ тасмим мегирад ва масъулияти тағйири вазъият ва сатҳи ҳамкории Эрон бо ожонс бар уҳдаи касоне хоҳад буд, ки вазъияти ҷадидро ба вуҷуд овардаанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби чаҳоршанбе ба дидори расмии худ аз Австрия поён дод ва Венаро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

 

Барчасп