Бақои БарҶом дар гарави тааҳҳуди амалии аврупоиҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36421-Бақои_БарҶом_дар_гарави_тааҳҳуди_амалии_аврупоиҳо
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Юкиё Амону, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена таъкид кард: "агар ба ҳуқуқи миллати худ дар БарҶом нарасем, дар ҳар шароите тасмими ҷадиде хоҳем гирифт".
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 05, 2018 12:34 Asia/Dushanbe
  • Бақои БарҶом дар гарави тааҳҳуди амалии аврупоиҳо

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Юкиё Амону, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена таъкид кард: "агар ба ҳуқуқи миллати худ дар БарҶом нарасем, дар ҳар шароите тасмими ҷадиде хоҳем гирифт".

Рӯҳонӣ асри чаҳоршанбе дар охирин барномаи сафар ба Вена, пойтахти Австрия, Амонуро ба ҳузур пазируфт ва изҳор дошт, БарҶом муваффақияте барои дипломатия ва Ожонси байналмилали энержии атомӣ буд ва идомаи ин муваффақият фақат дар гарави тавозуни тааҳҳудҳои ҳамаи тарафҳои БарҶом аст.

Ҳамзамон Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон чаҳоршанбешаб дар “Твиттер”-и худ дар остонаи нишасти комиссияи муштараки БарҶом дар сатҳи вазирони хориҷаи Эрон ва дигар тарафҳои БарҶом дар Вена навишт: “Тааҳҳуд ба БарҶом ба равшанӣ намоён шуда ва лозим аст, ки ин ирода ба амал дарояд”.

Нишасти пешорӯи комиссияи муштараки БарҶом бидуни Амрико дар Вена, нишасти ҳаётӣ барои аврупоиҳост то нишон диҳанд; ҳимояти онон аз ҳифзи БарҶом дар пайи хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи ҳастаӣ то чӣ андоза ба воқеият ва амал наздик аст. Тарафҳои аврупоии БарҶом аз замони хуруҷи Амрико аз БарҶом дар ҳаштуми майи соли 2018 ҳамвора аз БарҶом дифоъ кардаанд ва дар баёни дипломатӣ иродаи худро нишон додаанд, аммо он чӣ барои Эрон муҳим аст, иқдомоти амалии аврупоиҳост ва акнун фурсати таъйиншудаи Эрон барои онон рӯ ба итмом аст.

Дар хабарҳо эълом шудааст, тарафи аврупоӣ рӯзи ҷумъа бастаи пешниҳодии худро барои бақои “БарҶоми аврупоӣ” ба Эрон ироа хоҳад кард. Ин баста бояд мутаносиб бо чорчӯбҳое бошад, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъйин карданд. “Хариди нафти мавриди ниёзи Эрон, “иртиботи Бонки Аврупо бо Эрон” ва “мухолифати ошкор бо таҳримҳои Амрико” аз ҷумлаи шартҳое аст, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои идомаи “БарҶоми аврупоӣ” мушаххас кардаанд.

Агарчӣ то кунун пешрафтҳо барои ҳифзи БарҶом кофӣ ва мавриди интизор набудааст, аммо парлумони Аврупо чаҳоршанбешаб аз тарҳи тиҷорат ва ҳамкории Бонки сармоягузории Аврупо бо Эрон ҳимоят кард, ки нишонаи мусбате дар масири бақои БарҶом аст.

Дар ҳамин чорчӯб, Сергей Рябоков, муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи сешанбе бо баёни ин ки пешрафтҳое дар ҷиҳати ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон ҳосил шудааст, аммо ин пешрафтҳо кофӣ нест, гуфт: “Ҳифозат аз манофеи иқтисодии Эрон дар қиболи таҳримҳои Амрико дар нишасти рӯзи ҷумъаи вазирони хориҷаи шаш кишвари боқимонда дар БарҶом пайгирӣ мешавад”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ройзанӣ бо тарафҳои аврупоӣ барои касби тазминҳои амалӣ воқеъбинона амал мекунад ва сирфан ба мавзеъгирии сиёсии се кишвари аврупоӣ басанда намекунад. Бардоштани гомҳои амалӣ барои наҷоти БарҶом бидуни Амрико, ба гунае, ки масоиле, аз ҷумла фурӯши нафти Эрон ва тарокунишҳо (доду ситад)-и бонкӣ ҳангоми бозгаштпазирии таҳримҳои Амрико зидди Эрон тазмин шавад, мадди назари Эрон аст. Ба иборате лағви таҳримҳои Эрон бахше ҷудоинопазир аз БарҶом аст ва Аврупо бояд ба тазмини идомаи он пойбанд бошад.

Таҳдидҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико барои шиддат бахшидани таҳримҳои Эрон, ширкатҳои бузурги аврупоиро дар ҳамкорӣ бо Эрон дучори шакку тардид кардааст ва сухан аз поёни ҳамкорӣ бо Эрон ба забон оварданд.

Ин мавзуъ бо баёни иродаи дипломатии аврупоиҳо барои ҳифзи БарҶом ҳамхонӣ надорад ва ба ҳамин сабаб вазири хориҷаи Эрон бори дигар дар рӯзҳои поёнии фурсати Эрон ба Аврупо таъкид кард, иродаи тарафҳои аврупоии БарҶом бояд ба амал табдил шавад. Агарчӣ то кунун ба таври айнӣ чашмандози равшане аз иқдомоти Аврупо барои ҳифзи БарҶом вуҷуд надорад, аммо нишасти рӯзи ҷумъаи комиссияи муштараки БарҶом дар Вена то ҳудуде ин масъаларо ошкор хоҳад кард ва агар вазъияти мавҷуд мавриди қабули Эрон набошад, тағйири вазъияти кунунӣ ба унвони як гузина, пешорӯи Эрон аст.

Ҳадафи роҳбурдии Амрико хуруҷи Эрон аз БарҶом аст, аммо бо сиёсати усулӣ ва мантиқии Эрон, акнун тӯп дар замини аврупоиҳост то бо бозигарии мустақил нишон диҳанд то чӣ андоза ба ҳифз дастоварди дипломатии ҷаҳонӣ илтизом ва тааҳҳуди амалӣ доранд.