Июл 06, 2018 17:08 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Иттиҳодияи Аврупо дар баробари бастаи иқтисодӣ хостае надорад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи ҷумъа дар оғози  вуруд ба Вена барои ширкат дар нишасти комиссияи муштараки вазирони хориҷаи узви БАРҶОМ, бо таъкид бар ин ки Иттиҳодияи Аврупо дар баробари ироаи бастаи иқтисодӣ ба Эрон хостаи ҷадиде надорад, гуфт: Танҳо хостаи Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон, пойбандӣ ба БАРҶОМ аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар посух ба ин пурсиш, ки “рӯзи ҷумъа бастаи иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ба Эрон ироа хоҳад шуд, интизороти Эрон аз ин баста чӣ хоҳад буд?” афзуд: Эрон интизор дорад бастаи ироашуда аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ҳуқуқи мардуми Эрон аз БАРҶОМ-ро тазмин кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо баёни инки ҳайати эронӣ пеш аз оғози нишасти комиссияи муштараки вазирони хориҷаи узви БАРҶОМ, дидорҳои дуҷонибае хоҳад дошт, хотирнишон кард, иҷлоси мудирони сиёсӣ пеш аз нишасти вазирон баргузор хоҳад шуд.

Зариф тасреҳ кард то замоне ки ҳуқуқи мардуми Эрон аз БАРҶОМ таъмин шавад, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба тааҳҳудоти БАРҶОМ-ии худ пойбанд хоҳад буд.

Нахустин нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дар сатҳи вазирони хориҷа пас аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ қарор аст асри имрӯз (ҷумъа) бо ҳузури вазирони хориҷаи Эрон ва 4+1 (Олмон, Фаронса, Бритониё, Чин ва Русия) ва Федерико Мугарини масъули сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупо дар ҳутели Кобурги Вена баргузор шавад.