Июл 07, 2018 14:49 Asia/Dushanbe
  • Содироти дастгоҳҳои автоматии пухти нон ба 45 кишвари ҷаҳон

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Зеландияи Нав, Австралия, Амрико ва Канада дастгоҳҳои мекониза (автоматӣ ё худкор) –и пухти анвои нон содир мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дастгоҳҳои мошинӣ ё худкори пухти нони Эрон 35 дарсад аз дастгоҳҳои мавҷуд камтар сӯхт масраф мекунанд ва олудагии зистмуҳитии онҳо низ тақрибан сифр аст.

Содироти дастгоҳҳои мошинии пухти анвои нон солона ҳудуди 450 ҳазор доллар арзи хориҷӣ вориди Эрон мекунад.

Фуруди Аскарӣ, раиси кулли гумруки Эрон пештар эълом карда буд, содироти маҳсулоти ғайринафтии Эрон аз 20-уми март то 17-уми июни соли 2018 бо афзоиши 21 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта, ба 11 миллиарду 242 миллион доллар расидааст.