Июл 07, 2018 15:59 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Покистон: Теҳрон Алқоидаро душмани сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ медонад

Сафорати Эрон дар Исломобод дар вокуниш ба иддаои бархе расонаҳои покистонӣ мабнӣ бар иртиботи Эрон бо Алқоида таъкид кард: Эрон гурӯҳи террористии Алқоидаро душмани сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ медонад.

Бархе расонаҳои покистонӣ бо муддаии барқарории иртиботи Эрон бо Алқоида шуда буданд.

Сафорати Эрон дар Покистон дар баёнияе бо такзиби иртиботи Теҳрон бо Алқоида эълом кард: Мутолиаи чаҳор даҳа таърихи гузаштаи Эрон ва хисороти ҷонӣ ва молии ворида бар кишвар, нишондиҳандаи иқдомоти қотеи Эрон алайҳи терроризм аст.  

17 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта, қурбонии ҳамалоти террористии мунофиқин, Алқоида, Толибон ва ДИИШ будаанд.

 

Барчасп