Боздошти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Эрон
Додситонии Теҳрон аз дастгирии 32 узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар Эрон хабар дод.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Аббоси Ҷаъфарии Давлатободӣ гуфт: 16 мард ва 16 зани узви ДИИШ, ки омӯзишҳои низомӣ дида ва барои анҷоми амалиёт ба Сурия рафта буданд, баъд аз шикасти ДИИШ дар Сурия қасд доштанд Эронро маконе барои иқдомоти террористии худ кунанд.
Вай афзуд: Ин афрод аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ шиносоӣ ва дастгир шуданд ва парвандаи онон ба додгоҳ ирсол шуд.
Ҷаъфарии Давлатободӣ ҳамчунин бо ишора ба вокуниши гурӯҳи террористи ДИИШ ба эъдоми ҳашт нафар аз аъзои он дар Эрон, афзуд: Ин таҳдидҳо нишондиҳандаи он аст, ки Эрон бар ДИИШ ғолиб омадааст ва дигар иҷоза нахоҳад дод, ки ДИИШ ва ҳомиёнаш ба таҳаррукоти худ идома диҳанд.
Додситони Теҳрон тасреҳ кард: Ҳомии аслии парвандаи муттаҳамони гурӯҳи террористии ДИИШ, давлати Амрико аст, ки ин гурӯҳро бо ҳадафи ноамн кардани минтақа эҷод кардааст ва аз он ҳимоят мекунад.
Хабаргузории садо ва симои Эрон рӯзи шанбе аз иҷрои ҳукми эъдоми ҳашт нафар аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ муртабит бо ҳамла ба Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон хабар дод.
Дар ҳамлаҳои аносири вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳафтуми июни 2017 дар Теҳрон, 17 нафар шаҳид ва шуморе захмӣ шуданд.