Июл 09, 2018 16:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон барандаи тарҳи байналмилалии КОМСЕК шуд

Ҷумҳурии исломии Эрон, барандаи тарҳи байналмилалии кумитаи доимии ҳамкории иқтисодии тиҷорӣ, Созмони ҳамкории исломӣ “COMCEC” шуд.

Тарҳи байналмилалии Эрон бо унвон “Шабакаи паркҳои гардишгарии пойдори кишварҳои исломӣ бо мушорикати ҷавомеи маҳаллӣ”, қарор аст, ба сурати озмоишӣ дар Эрон, Туркия ва Қирғизистон иҷро шавад.

Ҳадаф аз ин тарҳ, вогузории барномарезӣ, мудирият ва иҷрои гардишгарӣ ба мардуми маҳаллӣ аст, то онҳо дар мудирияти гардишгарии минтақа мушорикат дошта бошанд.

Тарҳи ҷумҳурии исломии Эрон аз байни беш аз 100 тарҳи расида ба дабирхонаи кумитаи доимии ҳамкории иқтисодии тиҷорӣ, Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) интихоб шудааст.

 

Барчасп