Июл 09, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Баҳроми Қосимӣ барои даргузашти эроншиноси италияӣ

Раиси маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати хориҷаи Эрон даргузашти Эрон эроншиноси италияиро таслият гуфт.  

Баҳроми Қосимӣ, Раиси маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати хориҷа даргузашти профессор Роберто Скарчия, эроншиноси шаҳири италияӣ ва бунёнгузори курсии забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Венетсияро ба хонавода, шогирдон ва алоқамандони осори гаронқадри эшон ва низ тамомии эроншиносон ҷаҳон таслият гуфт.

Вай афзуд: Зиндаёд Скарчия дар тамоми даврони ҳаёт хадамот ва талоши бисёре барои омӯзиш ва густариши забон ва адабиёти форсӣ ба амал овард. Ёдаш гиромӣ.