Иддаои Трамп дар бораи руёруии шиноварҳои эронӣ бо новҳои амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36506-Иддаои_Трамп_дар_бораи_руёруии_шиноварҳои_эронӣ_бо_новҳои_амрикоӣ
Раисҷумҳури Амрико бомдоди душанбе иддаое ҷадиде дар бораи руёруии шиноварҳои эронӣ бо новҳои амрикоӣ матраҳ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 09, 2018 16:45 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Трамп дар бораи руёруии шиноварҳои эронӣ бо новҳои амрикоӣ

Раисҷумҳури Амрико бомдоди душанбе иддаое ҷадиде дар бораи руёруии шиноварҳои эронӣ бо новҳои амрикоӣ матраҳ кард.

Доналд Трамп, ки дар баробари мавҷи ҳамалоти мунтақидону расонаҳои кишвараш муддатҳо аст, ба иғроқ дар дастовардҳои давлаташ рӯй оварда, бомдоди душанбе иддаоҳои тозае дар бораи Эрон матраҳ кард.

Трамп дар саҳифаи Твиттераш муддаӣ шуд, музоҳимати шиноварҳои эронӣ барои новҳои ҷангии Амрико дар Халиҷи Форс дар соли 2018 ба сифр расидааст.

Ӯ навишт: “Музоҳимати эрониҳо барои новҳои ҷангии Амрико: Соли 2015: 22 маврид/ 2016: 36 маврид ва 2017: 14 мавид ва 2018: 0.”

Дар ҳамин иртибот, мақомҳои эронӣ пештар тасреҳ кардаанд, рафтори амрикоиҳо дар Халиҷи Форс нисбат ба гузашта тағйир карда ва онҳо акнун ҳирфаитар рафтор мекунанд.

Дарёдор Алии Фадавӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон урдибиҳиштмоҳи соли ҷорӣ гуфта буд, амрикоиҳо нисбат ба гузашта дар Халиҷи Форс мутеътар шудаанд.