Сентябр 06, 2016 12:01 Asia/Dushanbe
  • Таъйини сафирони ҷадиди Эрон ва Англия

Сафирони ҷадиди Эрон ва Англия рӯнавишти устуворномаҳои худро ба вазирони умури хориҷаи ду кишвар тақдим карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, як мақоми огоҳ дар Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: "Ҳамиди Баидинажод, сафири ҷадиди Эрон дар Лондон ва Николас Ҳоптун, сафири ҷадиди Англия дар Теҳрон рӯзи душанбе ба таври ҳамзамон дар вазоратхонаҳои хориҷаи ду кишвар ҳузур ёфтанд ва бо таслими рӯнавишти устуворномаи худ,бо вазирони умури хориҷаи Англия ва Эрон дидор карданд.

Ба гуфтаи мақоми огоҳ дар Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар пайи иҷро шудани шароит барои иртиқои равобити Эрон ва Англия, ду кишвар тасмим гирифтанд, ки сафирони худро дар Теҳрон ва Лондон мустақар кунанд.

Мақоми огоҳи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин ҳол таъкид кард, иртиқои равобит ба маънои ҳаллу фасли масоили мобайнӣ набуда ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамзамон дидгоҳҳои худро ба сурати дуҷониба ва ғайри он, ба равшанӣ эълом хоҳад кард.

Сафоратхонаҳои Эрон ва Англия дар як соли гузашта фаъол буд ва ҳамаи корҳо тавассути кордорҳои ду кишвар пеш бурда шудааст.